Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шоми ҷавонӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон”

Шоми ҷавонӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон”

Шоми 22 май таҳти ин унвон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб чорабинии фарҳангию фароғатиро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор намуд. 
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода У.М., муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдуалимзода Ҳ.А., устодону донишҷӯён ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино иштирок намуданд. 
Зимни баромади хеш У.Қурбонзода зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлол ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи май ҳамчун моҳи ҷавонон шинохта шуда ва ҷашн гирифтани 23-юми май ҳамчун Рӯзи чавонони Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Номбурда бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони боистеъдод дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунари миллӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ҳукумат ва Роҳбари давлат аз ҷавонони кишвар умеди калон дорад, бинобар ин, онҳо бояд вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. 
Дар идома аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид. 
Ёдовар бояд шуд, ки мақсад аз баргузории шоми ҷавонӣ ин сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо мебошад.