Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Самаранокии истифодаи технологияи иттилоотии муосир

Самаранокии истифодаи технологияи иттилоотии муосир

Рӯзи 24 май бо ибтикори кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт мизи мудаввар дар мавзӯи “Самаранокии истифодаи технологияи иттилоотии муосир дар раванди таълим” баргузор гардид. 
Дар он дотсент М.Ашуров дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ асоси рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва н.и.и. Ф.Соҳибов дар мавзӯи «Ҷанбаҳои мусбии низоми фосилавии таълим» баромад намуданд. 
Зимни маърӯза М.Ашуров қайд намуд, ки тайи чанд соли охир дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо барои анҷоми пажӯҳиш ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ тавсеа пайдо кард. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону муҳаққиқони тоҷик имконият дод, ки натиҷаҳои бадастовардаи корҳои илмӣ-тадқиқотиашонро дар сомонаҳо ва китобхонаҳои электронии ҷаҳонӣ ҷойгир кунанд. 
Ҳамзамон, Ф.Соҳибов ҳангоми баромад иброз намуд, ки барои тағйир додани раванди таълим дар Тоҷикистон ва барои баланд бардоштани дараҷаи сифати дониш тавассути салоҳиятҳо азхуд намудани донишҳо асосан низоми кредитии таълим саҳми мусбӣ дорад, зеро кишварҳои пешрафта технологияи таълими ҳозиразамони худро дар амал татбиқ намудаанд. Принсипи асосии технологияи таълим дар ин кишварҳо бештар мустақилиятро талқин менамояд. Яъне, донишҷӯён мустақилиятро пеша намуда, сарфаи вақти худ ва дигаронро оқилона ба эътибор гирифта, бо адабиёти маъмулӣ ва маълумоти иловагӣ машғул мешаванд ва ба навиштани конспектҳо ва рефератҳо омодагӣ зоҳир менамоянд. Таъкид гардид, ки дар ин низом баҳо баллҳои рейтингҳои фосилавӣ, ҷамъбастӣ ва имтиҳонро ташкил медиҳад, ки он аз сари вақт иҷро намудани супоришҳо бармеояд. 
Сипас дар музокира устодон М.Садриддинов, Е.Мирзоева ва И.Неъматов иштирок намуда, вобаста ба истифодабарии китобхонаҳои электронии ҷаҳонӣ ва натиҷаи корҳои илмӣ тадқиқотии устодону муҳаққиқони ДДМИТ изҳори назар намуданд.