Хабарҳо
Дарки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ
Ҷиҳати тақвияти корҳои таблиғотӣ дар самти тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзи 25-уми май дар ДДМИТ вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар оғоз ректор Шукрулло Хайрзода сухан гуфта, таъкид намуд, ки пас ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд. Ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддинов Р.Ш. ва муовини раиси ноҳияи Сино Исматов И.К. оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан ронданд. Гуфта шуд, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёфта, такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 30-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад.
Нуралӣ Раҳимзода