Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии масоили мубрами ҳуқуқ ва иқтисод

Баррасии масоили мубрами ҳуқуқ ва иқтисод

Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ҳуқуқ ва иқтисод дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. 
Конференсияро ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тибқи нақшаи баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, инчунин баргузор намудани конференсияҳои илмӣ ва дигар ҷамъомадҳои илмӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол мебошад, тамоми имкониятҳои зеҳнии худро барои пешрафти давлат дар самти омода намудани мутахассисони самтҳои гуногун сафарбар намуда истодааст. Дар донишгоҳ айни замон дар қатори олимони дигар соҳа, инчунин олимони зиёди соҳаи ҳуқуқ кору фаъолият менамоянд. Чорабинии мазкур, ки дар он донишмандону коршиносони бахшҳои ҳуқуқ ва иқтисод ҷамъ омадаанд, проблемаҳои рӯзмарраро баррасӣ менамоянд. Итминони комил дорем, ки ҳар як пешниҳоди дар кори конференсия ироагардида барои инкишофи илм ва пешрафти ҷамъият заминагузор хоҳад буд. 
khi401.jpgСипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷ. Муртазозода баромад намуда, афзуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зиёиёни мамлакат тақдири худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашонро равона намуданд. Зеро барои бунёд намудани як ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мебоист қонун қабул намуд. Чун ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Ба ҳамин хотир, тамоми зиёиёни мамлакат барои тартиб додани қонун шабонарӯз заҳмат кашиданд. 
Конститутсия хуҷҷати такдирсоз буда, он аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. 
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М. Раҳимзода дар мавзӯи «Ташаккул, ҳолат ва дурнамои инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуд. 
Баъдан, мудири кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ш. Ғаюров дар мавзӯи «Дар бораи коркард ва қабули Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, қайд кард, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи муҳими танзими муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримулкӣ, ба баробарӣ ва мустақилияти ирода ва иштирокчиёни он мебошад. 
Конференсия аз ду қисмат иборат буда, қисмати дуюми он баъд аз нисфирӯзӣ дар кафедра идома ёфт.