Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти донишҷӯён дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника»

Ғолибияти донишҷӯён дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника»

Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» баргузор мегардад. Озмуни мазкур ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар доираи Ҳафтаи илм ва Рӯзи илми тоҷик ҷамъбаст гардид, ки дар он 2 нафар донишҷӯи ДДМИТ Муҳаммад Алиқулов, донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо кори озмунии “Таҳияи Web-сомона оид ба фанни системаҳои амалиётӣ, муҳитҳо ва қабатҳо” сазовори ҷойи дуюм ва Ҳумайнӣ Носиров, донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо кори озмунии “Танзими ҳуқуқии шартномаи таъмини барқ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи дуюм гардида, соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва ифтихорнома гардиданд. Ҳамзамон Холмуҳаммади Шарифзода бо кори озмунии «Муаммоҳои ташкил ва гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд. 
Санаи 31-уми май дар ҷаласаи навбатии шӯрои олимони ДДМИТ донишҷӯёни ғолиб бо туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби ректори донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.