Хабарҳо
Мужда: Ду ҷойи якум дар Олимпиадаи донишҷӯён
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷавонони донишманду боистеъдод миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз!” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм дар олимпиадаи мазкур 378 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар байни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа 102 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Аз ҷумла, дар олимпиада 13 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд, ки дар анҷом аз фанни назарияи иқтисодӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисод ва бизнес Панҷшанбе Додихудоев ҷойи якум (роҳбари илмӣ: Балхов Д.), аз фанни таърихи халқи тоҷик донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Бобоҷони Шарифхуҷа ҷойи якум (роҳбари илмӣ: Бобохонзода П.), аз фанни математикаи олӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Муҳаммадфирӯз Ҳасанов соҳиби ҷойи дуюм ва аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз Ҷамолиддин Муқимов (роҳбари илмӣ: Орифҷонова В.) соҳиби ҷойи сеюм ва инчунин, аз фанни сиёсатшиносӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес Сафармурод Саъдуллоев (роҳбарони илмӣ: Шарифов К. ва Ҷобиров И.) соҳиби ҷойи чорум ва бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дастаи олимпии ДДМИТ бо натиҷаи хуби ишғоли ҷойҳо миёни дастаҳои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот ғолибони олимпиада ва муассисаҳои пешсаф соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДДМИТ, ки санаи 31-уми май баргузор гардид, ғолибони олимпиада ва роҳбарони илмии онҳо муаррифӣ карда шуданд ва ректор Шукрулло Хайрзода иброз намуд, ки донишҷӯёни ғолиб ва роҳбарони онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ мегарданд. Ҳамзамон, роҳбарияти муассиса дастур дод, ки донишҷӯёни ғолиб бо стипендияи раёсати донишгоҳ таъмин гарданд.
Бояд гуфт, ки ин музаффарияти донишҷӯён натиҷаи меҳнату талоши эшон ва роҳбарони илмии онҳо буда, эътибори донишгоҳро дар байни муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакат боло мебарад ва шаҳодат аз он медиҳад, ки шароити таҳсил ва сифати таълим дар ДДМИТ ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст.
Раҳимзода Нуралӣ