Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз фаъолияти яксолаи ДДМИТ натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти яксолаи ДДМИТ натиҷагирӣ карда шуд

Рӯзҳои 7-8 июни соли равон ҷаласаи корӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ доир гардид, ки дар он ҳисоботи ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар бораи самтҳои гуногуни фаъолияти яксолаи коллективи меҳнатӣ шунида шуд. 
Сараввал ректори таълимгоҳ дар бораи махсусияти ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашт. Мавсуф сараввал аз дастовардҳои таълимгоҳ ёдовар шуд, аз ҷумла дар рейтинги муассисаҳои таҳкилоти олии кишвар мавқеи чаҳорумро соҳиб гардидан (соли сеюм аст, ки дар ин мавқеъ устувор аст), донишгоҳ бо нишондиҳандаҳои баланд дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities (Мадрид, Испания) дар байни зиёда аз 30000 донишгоҳи ҷаҳон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҷойи 13862 ҷойгир шуда, дар рейтинги дохилии Тоҷикистон сазовори ҷойи 3 гашт. Дастоварди дигари илмӣ ин аст, ки дар давоми соли таҳсили сипаригардида 27 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, ки ин нишондиҳандаи беҳамтост ва барои тақвияти потенсиали зеҳнии таълимгоҳ замина мегузорад. 
hisb_sln401.jpgҲамзамон, имсол донишҷӯёни мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, 2 ҷои якум (фанҳои назарияи иқтисодӣ, таърихи халқи тоҷик), як ҷойи дувум (математикаи олӣ) ва як ҷойи севумро сазовор гардиданд. Аз озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» низ донишҷӯёни мо бо пирӯзиҳо баргаштанд: ду нафар донишҷӯи мо дар самтҳои гуногун ҷойҳои дувумро соҳиб гардиданд, ки ин ифтихори мост ва барои татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дастовези хубест. 
Ҳамзамон, Хайрзода Шукрулло дар бораи сатҳи сифати таълим, раванди корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва равобити хориҷӣ, корҳои хоҷагидорӣ истода гузашта, муваффақият ва норасоиҳои дар ин самтҳо ҷойдоштаро махсус таъкид карда, барои бартарафсозии ин монеаҳо дастурҳои судманд дод. Мавсуф доир ба сифати таълим бештар истода, ҳатман аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва дар асоси он боло бурдани сифати таълимро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи коллективи педагогӣ донист. Дар баробари ин, риояи интизоми меҳнатро яке аз шартҳои самаранокии фаъолият маҳсуб дониста, онро аз ҳозирин талаб намуд. 
hisb_sln403.jpgДар идома профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев баромад карда, баромади ректори таълимгоҳро дастгирӣ намуд ва тавсия дод, ки барои беҳтар шудани фаъолияти илмӣ- таълимӣ устодонро мебояд, ки бештар масъулиятшинос бошанд. Мавсуф омӯхтани ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои омӯзгорон зарур ва иҷрои саривақтии дастурҳои Роҳбари давлатро дар самти болобурди сифати таълим муҳим арзёбӣ намуд. 
Сипас Ҷ. Махшулов, устоди кафедраи забони русӣ ва Ф. Насриддинов, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, Содиқов М., декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Фақеров Ҳ., д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Маҳимов М. ва Абдулвоҳидова Ф., устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ аз дастовардҳои таълимгоҳ дастгирӣ намуда, барои фаъолияти беҳтари минбаъда тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд. 
Дар охир, ректори таълимгоҳ Ш.Хайрзода аз омӯзгорон, сардорони сохторҳо ва дигар шахсони масъул даъват ба амал овард, ки дар иҷрои супоришҳои мавҷуда масъулияти баланд ҳис намуда, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд. 


Машҳура Абдуллоева