Хабарҳо
Шартномаи ҳамкорӣ бо ҶСП “Спитамен бонк”
Имрӯз, 9 июн бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ намояндагони ҶСП “Спитамен Бонк” таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали раиси Раёсати «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов ба ДДМИТ ташриф оварда, бо ректор Шукрулло Хайрзода мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзиро муҳим арзёбӣ намуданд. Ректор Шукрулло Хайрзода аҳамияти ташкили барномаи таълимии “Саводнокии молиявӣ”-ро алоҳида таъкид намуда, ба ҳамкории зич бо «Спитамен Бонк», алахусус, дар самти бо ҷойи кор таъмин кардани хатмкунандагони донишгоҳ изҳори ҳавасмандӣ кард. Бо мақсади ворид кардани ин китоби дарсӣ ба барномаи таълимии донишгоҳ ректор раёсати таълимро муваззаф кард, ки аз аввали соли хониши меомада ба донишҷӯён аз фанни "Саводнокии молиявӣ" дарс гуфта шавад.
Ҳамзамон, зимни мулоқот аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” ба роҳбарияти донишгоҳ барномаи таълимии “Саводнокии молиявӣ” тақдим гардид. Зимни супоридани китобҳо роҳбарияти таълимгоҳ ин иқдоми пешгирифтаи «Спитамен Бонк»-ро барои баланд бардоштани савияи дониши молиявии донишҷӯён саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар охир ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои таълимию тарбиявӣ созишнома ба имзо расониданд.