Хабарҳо
Донишҷӯи ДДМИТ ғолиби маҳфил-озмун
Азизхуҷа Қутбиддинов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ дар даври дуюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва Диплом гардид.
Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу илмомӯзӣ ва маърифатнокии ҷавонон, воқиф гардидан аз таъриху фарҳанг, адабиёту маданияти бою ғании миллати тоҷик ва дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ба камол расидани ин қишри ояндасози миллат баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки даври аввали маҳфил-озмун дар ДДМИТ баргузор гардида, Азизхуҷа Қутбиддинов дар он ҷойи якумро ишғол намуда, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта буд.