Хабарҳо
Нишасти матбуотӣ дар ДДМИТ
Рӯзи 17 июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарияти таълимгоҳ доир гардид. Ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. дар назди намояндагони васоити ахбори омма дар бораи фаъолияти нимсолаи таълимгоҳ маълумот дода, сараввал аз дастовардҳо ёдовар шуд. Тавре ректор қайд намуд, ДДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми чорумро ишғол кард, 102 нафар донишгоҳро бо баҳои «аъло» хатм намуд, ки нисбати соли гузашта 20% зиёд мебошад, дар нимсолаи аввал 16 нафар устоди донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд, ки ин барои тақвияти заминаи илмии таълимгоҳ нақши муассир дорад. Дар баробари ин, донишҷӯёни мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, 2 ҷои якум (фанҳои назарияи иқтисодӣ, таърихи халқи тоҷик), як ҷойи дувум (математикаи олӣ) ва як ҷойи севумро сазовор гардиданд. Аз озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» низ донишҷӯёни мо бо пирӯзиҳо баргаштанд: ду нафар донишҷӯи мо дар самтҳои гуногун ҷойҳои дувумро соҳиб гардиданд, ки ин ифтихори мост ва барои татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дастовези хубест, гуфт Хайрзода Ш.Қ.
Дар баробари ин, Хайрзода Шукрулло дар бораи сатҳи сифати таълим, раванди корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва равобити хориҷӣ, корҳои хоҷагидорӣ, имтиёзҳои донишҷӯёни маъюб, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва SCOPUS истода гузашта, сол ба сол афзудани шумораи онҳоро таъкид кард.
Ректор аз интихоби ДДМИТ аз тарафи довталабони соли 2021 бо изҳори қаноатмандӣ ёдовар шуда, афзуд, ки 48 ҳазор интихоб ба донишгоҳ рост меояд, ки аз ин интихоби якум 3200 аст ва ин аз эътибори баланд доштани таълимгоҳ дар байни ҷомеа далолат медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар таълимгоҳ ихтисоси нав - иқтисодиёти рақамӣ кушода шуд, ки он ба талаботи имрӯзаи Давлату Ҳукумати кишвар ва пешрафти илму техника ҷавобгӯ буда, ихтисоси замонавӣ аст.
Дар охир ба саволҳои рӯзноманигорон аз АМИТ «Ховар», нашрияҳои «Народная газета», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Омӯзгор», радиои «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Ховар», «Тоҷикистон», «Овози тоҷик» ҷавобҳои муфассал ва пурра дод. Хабарнигорон асосан дар бораи вазъи бозори меҳнат ва ба талаботи он омода кардани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод, интихоби донишҷӯёни хориҷӣ, муҳайё сохтани шароити истироҳат ба омӯзгорон, фаъолияти Парки технологии таълимгоҳ, фаъолияти китобхонаи илмӣ, ваксинагирии донишҷӯён, ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол пурсон шуданд.
Машҳура Абдуллоева