Хабарҳо
Омодагӣ ба истиқболи Истиқлол ва Рӯзи Дониш
Ба хотири созовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар донишгоҳ корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо вусъати баланд идома дорад. Зеро роҳбарияти таълимгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои таҷлили ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар донишгоҳ хуррамгардонию ободкориро боз ҳам ривоҷ диҳад ва бо дастовези арзишманд онро истиқбол гиранд.
- Бо ин мақсад бинои хобгоҳи №1 пурра таъмир ва панҷараҳои гирду атрофи он ва болопӯши боми он иваз карда шуданд. Ҳоло корҳои ороишӣ дар ошёнаи якуми бинои хобгоҳ идома дорад ва он то оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ба итмом хоҳад расид.
Тавре маълум аст, ободу зебо кардани гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ аз тадбирҳоеанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқро талаб менамояд. Дар ин раванд, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар канор набуда, дар донишгоҳ пайваста корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба роҳ монда мешаванд.
Тавре сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ Мирзошариф Мирзоолимов иттилоъ дод, айни замон дар саҳни таълимгоҳ 9 ҳазор дона гули котарантус ва 7 ҳазор дона гули тагес шинонда шудааст, ки ба ҳусни таълимгоҳ ҳусни дигар зам намудаанд ва хеле зебову диданӣ кардаанд.
Албатта, ин ҳама пешравию ободкориҳо зери роҳбарии сарвари ҷавони донишгоҳ муҳтарам Шукрулло Хайрзода бармеояд, ки ободкорӣ ҷавҳари фаъолияти ӯро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, ин кохи маърифат ба қабули толибилмони ташнаи илму дониш пурра омода аст.
Абдуллоева М.