Хабарҳо
Мукофоти давлатӣ муборак!
Боиси ифтихори коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори таълимгоҳ муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд. Ин ҳама подоши хизматҳои софдилона, пурмасъулиятона ва сермаҳсули ин роҳбари ҷавон ва нишонаи фаъолияти пурсамари аҳли кормандони донишгоҳ аст.
Дар баробари ин, олими ҷавон, мудири кафедраи менеҷмент Хоҷазода Даврон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои иқтисодӣ сарфароз гардонида шуд.
Бо ин муносибат имрӯз, санаи 18 августи соли 2021 дар толори шӯрои олимон аъзоёни раёсати донишгоҳ ҷамъ омада, ҷоизадоронро бо ин дастоварди бузург муборакбод карданд.
Тавре ректор Хайрзода Шукрулло зимни баромадаш қайд намуд, ин дастоварди аҳли коллектив аст ва аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намудани ҷоизаи давлатӣ ин худ ифтихор ва сарбаландии бузург буда, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии фардро боз ҳам боло мебардорад.
Бешубҳа, ҳар як амал ва фаъолияти пурсамар бе подош ва қадрдонӣ намемонад. Ин ҳама натиҷаи кори софдилона ва пурмаҳсули ректори ҷавону қавиирода Шукрулло Хайрзода мебошад.
Мо аҳли коллективи меҳнатии ДДМИТ ҷоизадоронро бо ин мукофотҳои давлатӣ муборакбод намуда, дар корҳои ояндаи илмию педагогӣ ва роҳбарияшон муваффақиятҳои бештареро таманно дорем.
Мо бо Шумо мефахрем.