Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи дониш
Бахшида ба Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Каримзода Ҷамшед, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷамъомадро Ҳокимбек Абдуалимзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ кушода, ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2021-2022 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, қайд дошт, ки чун анъана, дарси аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад ва он рамзист, зеро сулҳу оромӣ кафолатдиҳандаи рушду нумуи кишвар ва зиндагии осудаи мардум мебошад.
Баъдан Ҷамшед Каримзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро бо ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарорасии Рӯзи дониш табрик намуда, заҳмати омӯзгорро дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас назаррас хонд. Муовини вазир дар баромадаш таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи имрӯза таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Мавсуф аз афзалиятҳои сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ёдовар гардида, чунин қайд намуд:
- Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ давра ба давра зиёд гашта, дар соли 2021 ба 5 млрд. 597 млн. 100 ҳазор сомонӣ расид, ки ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва 19,9 фоизи буҷети давлатӣ баробар аст.
Дар баробари ин, муовини вазир гуфт, ки Вазорати молия ҳамчун муассиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сифати таълим ва такмили базаи моддию техникии таълимгоҳ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Бунёди биноҳои нави таълимӣ, харидории технологияҳои муосир ва такмили шароити кору таҳсил ба сифати таълим ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ таъсири мусбӣ мерасонанд ва имрӯзҳо донишгоҳ ба як маркази омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия табдил ёфтааст.
Дар охири ҷамъомад Ҷ. Каримзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои рушди давлатдории худ ва ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин таҳкими Истиқлоли давлатӣ кӯшишу талош намоянд.
Баъдан дар синфхонаҳо дарси сулҳ оғоз гардид.
Машҳура Абдуллоева