Хабарҳо
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ДДМИТ
Чандест, ки дар саросари ҷумҳурӣ аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баҳри дарёфти ҷавонону наврасони соҳибистеъдод чандин озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардидаанд, ба мисли “Илм фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Даври аввали ин озмунҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ гузаронида шуданд. Раёсати таълимгоҳ баҳри амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи илмӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маърифатӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ ва муайян кардани беҳтаринҳо байни устодону донишҷӯён як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Даври дуюми озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» санаи 16-17 июни соли 2021 дар н.Синои ш.Душанбе баргузор гардид ва дар он 7 нафар донишҷӯи мо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд, ба мисли Ҳасанов М., Ҳайдарова Ш., Мирсаидов Н., Низомов Х., Файзов С., Раҷабов М., Насриддинов Ш., Муқимов Ҷ., Давлатова Д.
Даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад, санаи 29-уми июл то 4-уми август баргузор гардид ва дар он 3 нафар донишҷӯ – Саидова М., Қодиров М., Тураев Қ. ва устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҳусейнова Гулпарӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Мо ғолибони ин озмунҳои бонуфузро бо ин дастоварди калон муборакбод намуда, ба онҳо фатҳи қуллаҳои навро таманно дорем ва умед дорем, ки то даври ҷамъбастӣ расида, донишгоҳро муаррифӣ менамоянд.
Мирзоева Е.Ш., сардори Раёсати илм ва инноватсия