Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши коркарди маҷмӯи таълимӣ-методӣ

Омӯзиши коркарди маҷмӯи таълимӣ-методӣ

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо – омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» рӯзҳои 23-26 августи соли равон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Коркарди маҷмӯи таълимӣ-методӣ” аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара ва рӯзҳои 27-31 август дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид. 
Барномаи семинар пурра ба коркарди маҷмӯи таълимию методӣ вобаста ба талаботи низоми кредитии таҳсилот бахшида шуда, мақсад ва вазифаҳо, сохтор ва таркиб, тартиби коркард, талаботи техникӣ ва ғайраро фаро гирифтааст. Аз тарафи тренерон самтҳои номбаршуда вобаста ба ихтисос ва равияи фанҳои таълимӣ баён карда шуда, бештар хусусияти амалӣ дошт. Бештар ба унсурҳои муосири низоми таҳсилот тибқи талаботи Эъломияи Болон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, дар бораи коркарди нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, барномаи таълимии фан (силлабус) ва коркарди кейс-усулҳо дар ин замина маълумоти муфид пешниҳод гардид. 
Дар ин тренингҳо дар маҷмӯъ 60 нафар омӯзгори ДДМИТ ва ДДД аз ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳо, аз ҷумла деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҷонишинони декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот ҷалб карда шуданд. Мақсади дар доираи васеъ ҷалб кардани омӯзгорон аз он иборат аст, ки онҳо дар рафти фаъолият донишу малакаи худро истифода бурда, онро ба дигарон расонанд. 
Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии барномаи таълимии фан (силлабус) дар асоси намунаи истифодашаванда дар ҳарду муассиса гузаронида шуда, омӯзгорон бо принсипҳои асосии тартиб додани он ба таври муфассал шинос карда шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳими мавзӯи семинар тайёр намудани маводи таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ ва КМРО мебошад, ки дар ин бора низ ба иштирокчиён маълумоти муфассал расонида шуд. 


Ҷумъабоев Х.Қ., менеҷери лоиҳа