Хабарҳо
Иштироки ДДМИТ дар раҳпаймоиҳо
Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аҳли тифоқу масъулиятшинос ва ватандӯсту худшинос дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба таҷлили мутантани 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамоянд. Дар раҳпаймоӣ зиёда аз 800 нафар устодону кормандон ва донишҷӯён ширкат меварзанд ва онҳо ҳамарӯза тамрин менамоянд.
Дар баробари ин, 600 нафар омӯзгорону кормандон дар паради ҳарбӣ ҳамчун афсари эҳтиётӣ қадамзанӣ менамоянд.
Бар замми ин, зиёда аз 300 нафар донишҷӯ аз ҳисоби писарону духтарон дар намоиши театрикунонидашуда иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи иштирокчиёни ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба ин ҷашни сиёсии бузург омодагии пухта ва ҳамаҷониба дида истодаанд ва иштирокро дар ин раҳпаймоӣ ва паради ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии худ меҳисобанд.
Фархунда бод 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!