Хабарҳо
Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ. бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Якояки Шуморо бо ҷашни фархундаи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю сидқан муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони софу беғубор ва рушди бемайлони кишвари азизу маҳбубамонро таманно дорам.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихие мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад, ки ҳоло дар остонаи сиюмин солгарди он қарор дорем. Истиқлол ҳамчун тантанаи хирад ва андешаи солори тоҷикон ибтидои марҳилаи нави ҳаёти сиёсии давлатдории мо мебошад, ки ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшида, ба сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ташаккулу такомули ғоя ва андешаи миллӣ, инчунин фарҳангу маънавиёти қадимии миллати мо асос гузошт. Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин, лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.
Истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдати миллӣ, адолат, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ моро дар назди имрӯзу ояндаи миллати хеш масъул гардонида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҷодаи худ баҳри инкишофи давлати хеш содиқонаву софдилона хидмат кунем. Аз ин рӯ, бароятон садоқат ва иқболу роҳи сафед хоҳонам.
Бигзор, ҳар рӯзи Шумо пур аз ифтихори ватандорӣ ва шодиву нишоти зиндагӣ бошад ва нури озодиву истиқлол ба хонадонатон файзу баракат ва саодат бахшад!
Ҷашни истиқлоли давлатӣ муборак бод!