Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тантанаҳои Истиқлоли давлатӣ дар ДДМИТ

Тантанаҳои Истиқлоли давлатӣ дар ДДМИТ

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябри соли равон бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз вазорату ташкилотҳо чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид. Ҳамоишро ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида, 30-солагии Истиқлоли давлатиро ба аҳли нишаст ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми шарифи тоҷик табрику таҳният гуфт. 
Ректор зикр кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллату давлати мо осон ба даст наомадааст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеаи мо хисороти зиёди моливу ҷонӣ расонид. Аммо бо ҷасорату хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар зарфи сӣ сол се мушкилоти асосиамонро ҳал намудем. Аввалан, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат, баъдан, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, ки ба қабули қарорҳои воқеан дуруст ва санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои рушд вобаста аст, севум, таҳкими муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ, эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. 
- Бо ҳалли ин мушкилот мо тавонистем ба сатҳи рушди устувор бирасем ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибор пайдо намуда бошем, гуфт ректор Хайрзода Ш.Қ. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охир, ректор таъкид дошт, ки таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи Истиқлоли давлатӣ моро барои дӯст доштани Ватан ва тақвияти худшиносии миллӣ водор менамояд ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо кору пайкори шоиста садоқати худро ба Ватан бояд нишон диҳем ва муташаккилонаву сарбаландона бо дилу дасти пок ва масъулияти баланд фаъолият намоем. 
Ба ифтихори ин ҷашни бузург як қатор ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби раёсати таълимгоҳ сурат гирифтааст ва онҳоро ректор номбар кард. Вазифаи як қатор омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ боло бардошта шуда, ба 6 нафар унвони дотсентӣ ва ба 11 нафар муаллими калон дода шуд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас, ба 30 нафар корманду устодони таълимгоҳ бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ барои фаъолияти пурсамар ва комёбиҳояшон дар кору фаъолияташон дар таълимгоҳ Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати молияи ҶТ ва ДДМИТ супорида шуд. 
Ба Абдуалимзода Ҳ., Сафаров Б., Қодиров Ф., Қодирова Б., Муқимов Қ. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, ба Муродов Д., Неъматов И., Ҷурахонзода Б. Ифтихорномаи Вазорати молияи ҶТ супорида шуд. 
Ҳамчунин Қосимова С., Раҳмонов М., Саидҷаъфаров О., Бегматов А.А., Оймаҳмадов Г., Урунбоев А., Муртазоев Н., Ғафорӣ А., Ғафорова Ш., Нурализода А., Содиқов М., Сатторов Б., Холбобоев Р., Ҳаитов С., Ҷумабоев Х., Улуғов О., Зарифов К., Умаралиева Т., Сафарзода Ф., Балхов Д., Давлатова Р., Мирҷамолов М., Калаков Ҷ. бо Ифтихорномаи донишгоҳ мукофотонида шуданд. 
Дар охири чорабинии идона аз тарафи дастаи ҳаваскорони донишгоҳ - «Ҷавонӣ» барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид, ки фарогири суруду рақс, мушоира ва саҳначаи ҳаҷвӣ буда, дар мавзӯи Истиқлоли давлатӣ, ватандӯстӣ буд ва табъи ҳозиринро болида гардонид. 


Машҳура Абдуллоева