Хабарҳо
Ду ҳимоя аз як кафедра
Басо рамзист, ки соли нави таҳсили 2021-2021 дар донишгоҳ бо дастовардҳои нави илмӣ оғоз мегардад, ки бевосита барои тақвияти заминаи илмии таълимгоҳ мусоидаткунанда аст.
Ин навбат дар як рӯз - 17-уми сентябри соли ҷорӣ аз як кафедра – кафедраи кори бонкӣ ду нафар дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди ДДМИТ бомуваффақият рисолаи номзадии хешро ҳимоя карданд. Шоасалов Наимҷон Қудратович дар мавзӯи «Такмили низоми таъминоти нафақа ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ва Сафаров Қаландар Саймаҳмудович дар мавзӯи «Такмили низоми идоракунии хавфҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳбарии н.и.и., дотсент Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид рисолаҳои илмиро дифоъ карданд.
Мо бо ин дастовард олимони ҷавонро муборакбод намуда, умедворем, ки ин пирӯзиҳо идома меёбанд ва сафи номзадони илм дар донишгоҳ меафзояд.
Ифтихор Юсуфов