Хабарҳо
Муҳокимаи рисолаи номзадӣ
Санаи18-уми сентябри соли равон дар донишгоҳ муҳокимаи пешакии рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи назарияи иқтисодӣ Бозоров Бахтиёр Раҳмоналиевич аз рӯйи рамзи 6D050600-иқтисодиёт дар мавзӯи «Усулҳои муосири ташаккули бозори хадамоти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» зери роҳбарии н.и.и., дотсент Солеҳзода А.А. баргузор гардид.
Муҳаққиқ ба таҳлили ҳамаҷонибаи усулҳои хадамоти бонкӣ ва муайян намудани мушкилоти ҷойдошта дар низоми бонкии вобаста ба хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохта, вазъи муосири бозори хадамоти бонкӣ ва мушкилоти дар ин низом мавҷударо таҳқиқ кардааст.
Дар охир олимони соҳа ба муҳаққиқ барои мукаммал, пурра ва таҷдиди назар кардани рисола маслиҳату тавсияҳо доданд.
Юсуфов Ифтихор