Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои рушди барномаҳо
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳама соҳаҳо рӯ ба инкишоф оварданд. Аз он ҷумла иқтисоди миллӣ, ки дар тӯли 30 сол ба комёбиҳои зиёде ноил гашт. Яке аз шохаҳои муҳими он иқтисоди рақамӣ буда, ин гузариш ба шаклу сохти нави ҳаёт, моделҳои нави пешбарандаи тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои нави истеҳсолӣ мебошад.
Ин мавзӯъ дар семинари илмию амалӣ, ки санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Рушди барномаҳои компютерӣ дар доираи иқтисодиёти рақамӣ» бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт доир гардид, баррасӣ шуд.
Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ чанд нуктаи муҳимеро баён дошт. Пасон, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров Силмон оид ба мавзӯи «Хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ» маърӯзаи ҷолиберо ба ҳозирин ироа кард. Номбурда қайд намуд, ки иқтисодиёти рақамӣ дар асоси ҷорисозӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосири рақамию иттилоотӣ дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва дигар самтҳо ташкил шуда, ҷиҳати таъмини манфиатҳои миллӣ, баландбардории сатҳи зиндагии мардум, инчунин фароҳам овардани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар бозорҳои беруна амал мекунад.
Дар охир музокира ва мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аҳли нишаст ва баромадкунандагон фаъолона ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки ташкили чунин семинару ҷамъомадҳо ҳам барои устодон ва ҳам донишҷӯёни соҳаи иқтисод аз манфиат холӣ нест.
Юсуфов Ифтихор