Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Гиромидошти Рӯдакӣ дар ДДМИТ

Гиромидошти Рӯдакӣ дар ДДМИТ

Ҳамасола санаи 22-юми сентябр дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ конфронсҳои илмӣ, ҳамоиши идона, маҳфилҳои шеърхонӣ ва нишасту ҷаласаҳо баргузор мегарданд. 
Ин сана ҳамчун ҷашн дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, кафедраи забони тоҷикӣ рӯзи 22-юми сентябри соли равон маҳфили «Рӯдакихонӣ» доир гардид. Маҳфилро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. оғоз намуда, зикр сохт, ки маҳз миллати моро дар лаҳзаҳои душвортарини таърих шеъри Рӯдакӣ аз нестшавӣ раҳонид ва дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гардонд. Ҳатто устод Айнӣ дар асараш «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз омилҳои бунёдии ҳамчун миллат шинохта шудани тоҷиконро дар заминаи шеъри устод Рӯдакӣ медонад. 


rudaki401.jpgПасон профессори кафедраи забони тоҷикӣ Саидҷаъфаров Озод дар мавзӯи «Нақши забон ва услуби устод Рӯдакӣ дар инкишофи забони тоҷикӣ» маърӯзаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин гардонд. Номбурда зикр кард, ки забони адабии имрӯзаи тоҷик бо шеъри оламгири Рӯдакӣ пайванди ногусастанӣ дорад, ҳатто имрӯз мардуми одӣ низ бе истифодаи ягон луғат метавонанд маънии шеърҳои Рӯдакиро бифаҳманд. Мавсуф нақши забон ва услуби ашъори устод Рӯдакиро дар муқоиса бо забони имрӯзаи тоҷик моҳирона ба риштаи таҳлил кашида, онро бо инкишофи забони ноби тоҷикӣ тақвият дод. 
Дар охир донишҷӯёни муассиса аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида гардонданд. Иштирокчиёни фаъоли ҷамъомад бо Ифтихорномаи Раёсати илм ва инноватсия мукофотонида шуданд. 
Ҷамъомад барои аҳли нишаст ва иштирокчиён ҷолибу хотирмон сурат гирифт. 




Ифтихор Юсуфов