Хабарҳо
Ташрифи намояндагони Федератсияи Россия ба ДДМИТ
Дар доираи сафари намояндагони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молияи назди Вазорати молияи Федератсияи Россия, ки рӯзҳои 20-28 сентябри соли ҷорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, рӯзи 22 сентябр меҳмонон бо сарварии Самвел Лазарян, сардори маркази тадқиқотҳои макроиқтисодии ин пажӯҳишгоҳ, роҳбари самти барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Онҳоро ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ., муовинони ректор, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» ва дигар олимону намояндагони сохторҳои таълимгоҳ пешвоз гирифта, барои ташрифашон ба ДДМИТ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Баъдан меҳмононро бо фаъолияти донишгоҳ, самти таълиму тарбия ва корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтисосҳо ва корҳои илмӣ аз наздик ошно сохта, дастоварду комёбиҳои аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳро муаррифӣ намуданд.
Лазарян С.С. зимни суҳбат ҳадафи сафарашонро, ки дар доираи барномаи «Таҳияи модели мувозинати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун абзори пешгӯӣ ва таҳлили рушди иқтисоди миллӣ» ва барномаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, маънидод карда, аз иштироки олимони донишгоҳ дар ин барнома изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф аз густариши ҳамкориҳои минбаъда бо донишгоҳ сухан ронда, ба роҳ мондани табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ва олимонро иқдоми дурусту саривақтӣ донист.
Сипас меҳмонон аз синфхонаҳои компютерӣ, толорҳои конфронсӣ, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия», Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия ва китобхона дидан карда, ба ташкили кору фаъолият баҳои хуб доданд.
Баъдан аз рӯи барномаи ташрифот намояндагони Федератсияи Россия семинар оид ба муҳокимаи рафти тадқиқот ва муаррифии натиҷаҳои кор аз рӯи самти «Таҳияи модели мувозинати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун абзори пешгӯӣ ва таҳлили рушди иқтисоди миллӣ» гузаронида шуд. Дар он Юлия Польщикова, коршиноси барнома дар мавзӯи «Тавсифи сохтори умумии модели мувозинати умумӣ», Антон Вотинов, коршиноси барнома дар мавзӯи «Усулҳои арзёбии параметрҳои модел» баромад намуда, мавзӯъҳои номбаршударо муфассал ва бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намуданд.
Тавре гуфта шуд, айни ҳол аз тарафи барномаи мазкур модели мувозинати умумии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва онро метавон барои таҳлил истифода бурд.
Намунаҳои кор бо модел оварда шуда, самараи афзоиши меъёри андоз тадқиқ карда шудааст. Дар баробари ин, тавсифи муфассали модел бо назардошти таҳаввулоти он омода карда шуда, арзёбии параметрҳои сохтории модел ба даст оварда шудааст.
Тавре баромадкунандагон иброз доштанд, истифодаи модели умумии тавозуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин омилҳо вобастаанд, ба монанди мафҳуми ҷараёнҳо ва захираҳо, андозаи тағирёбандаҳо, суръати рушд, тавозуни пардохт ва буҷет, инчунин ба монанди инҳо.
Ҳамзамон, ишора рафт, ки эҷоди модел дар асоси усулҳои боэътимод ва таҷрибавӣ имкон медиҳад, ки вазифаҳои зерин, ки дар Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ инъикос ёфтаанд, ҳал кунанд, ба мисли гузаронидани таҳлили макроиқтисодӣ, аз ҷумла таҳлили таъсири воситаҳои сиёсати буҷетӣ (тағйирёбии меъёри андоз ё хароҷоти давлатӣ) ба рушди иқтисод; беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомот; ояндабинии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, мақсади барномаи мазкур таъсиси модели иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши кормандони Вазорати молияи ҶТ мебошад.
Бояд гуфт, ки семинарҳои омӯзишӣ то санаи 27 сентябр идома меёбанд ва мавзӯъҳои “Такмили механизми идоракунии қарзи давлатӣ ва коркарди тавсияҳо оид ба рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Такмили абзори андозӣ барои ҳавасмандгардонии саноаткунонии босуръат ва таҳкими потенсиали фискалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Такмили банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ дар қисми муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар бар мегиранд ва дар онҳо устодони донишгоҳ иштирок намуда, донишу малакаи худро такмил медиҳанд.
Машҳура Абдуллоева