Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни кор ба ҶСК «Тавҳидбонк»

Озмуни кор ба ҶСК «Тавҳидбонк»

Бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз барои иштирок дар озмуни ҶСК «Тавҳидбонк» даври аввали он миёни донишҷӯёни ДДМИТ гузаронида шуд. Дар озмун донишҷуёни курсҳои 2, 3, ва 4-уми ихтисосҳои фаъолияти бонкӣ, иқтисоди молиявӣ ва бонкӣ, молия, бозори фондӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо ширкат варзиданд. 
Комиссияи салоҳиятдор аз ҳисоби устодони таҷрибадор донишҷӯёнро санҷида, ба онҳо саволҳо аз тахассусашон дода, ба онҳо ҷавобҳои мукаммал гирифтанд. Аз байни довталабон 15 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври дувум, ки аз тарафи ҶСК «Тавҳидбонк» гузарогнида мешавад, роҳҳат гирифтанд. 
Ҳадафи ин озмун муайян намудани донишҷӯёни беҳтарин дар самти муҳосибот, маркетинг ва маблағгузории исломӣ ва бо кор таъмин намудани хатмкунандагон мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти ҶСК «Тавҳидбонк» тасмим гирифтааст аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар асоси озмун донишҷӯёни беҳтаринро ҳамчун коромӯз бо пардохти музди меҳнат ба кор ҷалб намояд. Баъди хатми донишгоҳ дар ҳолати пурра аз худ намудани дониши бонкдории исломӣ ва гузаштан аз даври ниҳоии озмун онҳо бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. 


Зубайдов Ҷ.