Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи рисолаи илмии навбатӣ

Ҳимояи рисолаи илмии навбатӣ

Бо саршавии соли таҳсили 2021-2022 сафи олимони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар афзуда истодааст. Аз он ҷумла дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ як қатор унвонҷӯёну доктор PhD-ҳо ҳимояи рисолаҳои номзадӣ карданд. 
Ин навбат рӯзи 24-уми сентябри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди донишгоҳ ҳимояи диссертатсияи Турахонзода Шаҳриёр Нурулло аз рӯйи ихтисоси 6D050900 – Молия дар мавзӯи “Таҳқиқи таъсири қурби асъори миллӣ ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Ғафуров Парвиз Ҷурахонович барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) баргузор гардид. 
Мавзӯи рисолаи илмӣ фарогири омилҳои таъсири қурби асъори миллӣ ба нишондиҳандаи рушди иқтисодӣ буда, ҳадафи муҳаққиқ ин таҳқиқи таъсири қурби асъори миллӣ ва самаранокии он ба динамикаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои ҳамин ҳам объекти таҳқиқотро алоқамандии байни қурби асъори миллӣ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ташкил медиҳад. 
Турахонзода дар рафти ҳимоя усулҳои таҳқиқу натиҷаи корашро мухтасар ироа намуд ва кор аз тарафи аъзоёни Шӯро баҳои баланд гирифт. 
Мо муҳаққиқи ҷавонро бо ин дастовард муборакбод намуда, барояш комёбиҳои нави эҷодиро таманно дорем. 


Ифтихор Юсуфов