Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши об дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Нақши об дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз проблемаҳои мубрам масъалаи об мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пиромуни ин масъала бетараф набуда, дар ин маврид чораҳои заруриву беҳдоштӣ андешида истодааст. Вобаста ба ҳамин дар санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти об дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муовини раёсати илм ва инноватсия Сафаров Илҳом ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки яке аз проблемаҳои умумии аҳолии курраи замин танқисӣ аз об ба шумор меравад. Набудани ин неъмат метавонад ба мардуми минтақаи муайян зарари иқтисодӣ расонида, талафоти ҷонӣ ба бор орад. 
Сараввал муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Орифҷонова В. дар мавзӯи «Захираҳои обӣ омили асосии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф зикр кард, ки захираҳои обӣ дар Тоҷикистон боиси ободиву созандагӣ гашта истодаанд. Аммо рӯз аз рӯз кам шудани ин захираҳо бар зарари кишвари мост. 
Пасон ассистенти ҳамин кафедра Яъқубов Рустам дар бораи «2018-2028 - Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» маърӯза ва дар мавриди пиряхҳои Тоҷикистон ва пешомади онҳо фикру ақидаашро баён намуд. Ҳозирин ба маърӯзакунандагон саволҳои худро пешниҳод карда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд 
Аз музокираҳои ҳозирин маълум гардид, ки баргузории чунин ҷамъомадҳо боиси табодули афкори донишҷӯёну мутахассисони соҳа мегардад ва чунин ҳамоишҳо савияи донишро баланд мебардоранд. 


Ифтихор Юсуфов