Хабарҳо
Семинари методӣ оид ба танзими тағйирёбандаи қурби асъор
Дар замони имрӯза яке аз проблемаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ бошиддат боло рафтани қурби асъор мебошад. Яъне, бартарии яке аз асъор аз асъорҳои дигар метавонад паёмадҳои гуногунро ба бор орад ва ин мавзӯъ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Ин проблема аз назари олимони мо низ дур намондааст. Бинобар ин, санаи 22-юми сентябри соли равон бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ семинари методӣ гузаронида шуд.
Семинарро устоди кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ, дотсент Усмонов П.Н. оғоз намуд ва мавзӯи «Танзими тағйирёбандаи қурби асъорҳо»-ро ба ҳозирин ироа кард. Мавсуф дар бораи вазъи имрӯзаи асъорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, асъори миллии мо ва вобаста ба ҷаҳонишавӣ, пандемияи ҷаҳонӣ, ки фарогири тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мебошад, андешаҳои худро иброз намуд. Ҳамчунин вазъияти бонкҳои кишварро шарҳ дода, дурнамову рушди онҳоро дар чанд нукта гуфта гузашт.
Пас аз ироаи маърӯза саволу ҷавоб сурат гирифт, ки суолдиҳандагон аз посухи маърӯзачӣ қонеъ шуданд.
Дар охир Ҳалимхонов З. дар бораи рӯзмарраву мубрам будани мавзӯи семинари мазкур ва муҳим будани он барои донишҷӯёну устодон изҳори андеша кард. Дар ҳақикатан ҳам баргузории чунин семинарҳо аз манфиат холӣ набуда, донишҷӯён метавонанд чизҳои назарии омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.