Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории семинари доимамалкунанадаи муҳаққиқони ҷавон

Баргузории семинари доимамалкунанадаи муҳаққиқони ҷавон

Рушди иқтисодиётро метавон ба пешрафти илму техника ва дигаргуниҳои дар ин соҳа бавуҷудомада нисбат дод. Имрӯз дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатию кишоварзӣ кам нестанд ва пешрафту инкишофи онҳо ба фоидаи ҷамъият аст. Назорату банизомдарории чунин корхонаҳо осон нест. Хусусан назорати дохилии он хеле мушкил аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе корхонаҳо ба назорати дохилӣ он қадар аҳамият намедиҳанд, ки ин ба зарари кор аст. Бахшида ба ҳамин мавзӯъ санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ семинари доимамалкунандаи умумидонишгоҳии «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Мавзӯи чорабинии мазкур «Рушди низоми назорати дохилӣ дар раванди идоракунии фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ» буда, пас аз сухани ифтитоҳии сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Ҳукуматов Давлатҷон оид ба мавзӯи дар боло зикршуда маърӯза кард. Мавсуф тамоми ҷанбаҳои масъаларо ба риштаи таҳлил кашида, ҳамчунин аз натиҷаи таҳқиқоти бурдааш мисолҳо овард. 
Гуфта шуд, ки низоми назорати дохилӣ метавонад чун шакли ташкилии шӯрои нозирон ва худназораткунии фаъолияти худ аз ҷониби мутахассисон амал намояд ва ё чун комиссияи ревизионӣ ё шуъбаи аудити дохилӣ бошад. 
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Ифтихор Юсуфов