Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бузургдошти забони тоҷикӣ дар маҳфили «Чароғи маърифат»

Бузургдошти забони тоҷикӣ дар маҳфили «Чароғи маърифат»

Забон муҳимтарин воситаи алоқа ва кафили ҳастии ин ё он миллат аст. Барои миллати тоҷик дар лаҳзаҳои душвортарин ва даҳшатноктарин ягона пуштибону раҳонанда забонаш буд. Фарзонафарзандонаш барои ҳастии ӯ ҷонфидоиҳо кардаанд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб кард ва ҳамасола рӯзи забон дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад. 
Санаи 29-уми сентябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар ДДМИТ бахшида ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-тарбиявии «Чароғи маърифат» баргузор гардид. Маҳфилро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки забони тоҷикӣ тӯли қарнҳо ҳастии худро ҳифз кард ва дар вазъиятҳои сангину ногувор аз монеаҳо берун омад. Ин аст, ки то имрӯз арзи ҳастӣ мекунад ва чунин шевову ширин аст. 
mahfumm401.jpgПасон роҳбари маҳфил Сайрам Бақозода, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ пиромуни мавзӯи «Забони тоҷикӣ ва нуфузи он дар замони соҳибистиқлолӣ» суханронӣ намуда, қайд кард, ки орзуву армони чандинҳазорсолаи миллати тоҷик пас аз ҳукмронии Сомониён, ки он ҳам маҳдуд буд, маҳз дар замони Истиқлол ҷомаи амал пӯшид ва мо маҳз бо дастгириву кӯшишҳои Пешвои миллат ба ин комёбӣ ноил гардидем. 
Баъдан, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Саидҷаъфаров О. оид ба мавзӯи «Корбурди феълҳои ноб ва классикӣ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ» маърӯза кард. Номбурда аз осори шоирони классики мо мисолҳо оварда, пайванди ногусастанӣ доштани онро бо забони тоҷикии имрӯза таъкид кард. Ҳамчунин баҳри тақвияти гуфтаҳояш аз шоирони ғайрифорс, ба монанди Аллома Иқбол ва Қатрони Табрезӣ порчаҳои шеърӣ оварда, зикр кард, ки бузургии ин забон сабаб гардид то эшон бо он осори ҷовидонӣ ба мерос гузоранд. 
Дар охир музокира ва табодули афкор сурат гирифт, ки устодону донишҷӯён фаъолона иштирок карданд. Маҳфил ҳаматарафа ҷолибу хотирмон буд ва аҳли нишаст аз он як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. 



Ифтихор Юсуфов