Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии мушкилоти воридотивазкунӣ дар шароити саноатикунонӣ

Баррасии мушкилоти воридотивазкунӣ дар шароити саноатикунонӣ

Рӯзи 30-юми сентябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ мизи мудаввари умимидонишгоҳӣ дар мавзуи «Мушкилот ва сиёсати воридотивазкунӣ дар шароити татбиқи саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар» бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон аз вазорату ташкилотҳо баргузор гардид. 
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм Сафаров Баҳром шуруъ гардид ва мавсуф қайд кард, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар баробари воридот сатҳи содирот низ то андозае боло рафта истодааст. Дар шароити саноатикунонии босуръат Ҳукумати мо ба ташкили истеҳсолоти ватанӣ ва дар баробари ин рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти махсус медиҳад, ки он метавонад дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд. 
mmksnt401.jpgСипас, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Пиризода Ҷалил дар мавзуи «Зарурат ва имкониятҳои воридотивазкунии маҳсулотҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, вазъи имрӯзаи ташкили истеҳсолоти кишоварзиро ба тафсил ва мушаххас тафсир намуд. Тавре академик иброз дошт, он давлате амнияти озуқавории хешро метавонад таъмин намояд, ки агар 80%-и маҳсулоти асосии кишоварзиро дар худ истеҳсол намояд. Феълан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин самт барномаҳои давлатӣ қабул намудааст, ба мисли Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2020-2024, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва ба монанди инҳо, ки барои рушди соҳа нигаронида шудааст. 
Ба гуфти Ҷ.Пиризода, имрӯз мо аз рӯи баъзе маҳсулоти озуқаворӣ худтаъминем, ба мисли сабзавоту полезӣ, меваҷот ва ангур, вале ба бархе аз маҳсулоти дигари озуқаворӣ, ба мисли гӯшту шир, тухм, равғани растанӣ, гандум, қанд ва ба монанди инҳо камчинӣ ба назар мерасад ва бо ҳаҷми калон ин маҳсулот ба кишвар ворид карда мешавад. Масалан, гандум ба миқдори 1 млн. тонна ва бо маблағи 223 млн доллари ИМА, тухм бо маблағи 6 млн. доллари ИМА, 80 млн доллари ИМА равғани растанӣ, биринҷ 14 млн. доллари ИМА, қанд бо маблағи 73 млн. доллари ИМА ворид карда мешавад. 
Академик барои ташкили истеҳсолоти маҳсулоти ниёзи аввали воридотивазкунанда чанд роҳи дурусту самаранокро пешниҳод намуд, ба мисли барои истеҳсоли гандум баланд бардоштани ҳосилнокии онро тавсия дод. Феълан аз 1 гектар замини ғалладонагӣ 30 сентнерӣ ҳосил бардошта мешавад, ҳол он ки дар мамлакатҳои тараққикарда аз 1 гектар замин то 90 сентнер ҳосил меғундоранд. Барои ин академик бароҳмонии таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва шинонидани тухмиҳои ҳосилнокиашон баландро пешниҳод кард. 
Барои истеҳсоли равғани растанӣ бошад, Пиризода Ҷ. кишти такрории офтобпарастро дар заминҳои лалмӣ ва обӣ тавсия дод, барои ташкили истеҳсоли шакар бошад, кишти лаблабуи қандро дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва таъсиси кластерҳои истеҳсолиро (ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва ё парандапарварӣ) пешниҳод кард, ки имконоти воридотивазкуниро тавсеа мебахшад. 
Баъдан, Ҳамидулло Фақиров, д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ оид ба «Аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии воридотивазкунии маҳсулотҳои кӯдакона ва наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ироа намуд, ки дар он масъалаҳои ташкили истеҳсолоти либосҳои кӯдакона ва наврасон дар Тоҷикистон ва ҷалби харидорони ватанӣ ба онҳо ва эътимоду боварии харидорон ба он, таъмини сифат ва ташкили механизми фурӯш ва танзими нархи маҳсулоти тайёр дар бозори дохилӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. 
Профессор барои ҷалби харидорон ба либосҳои кӯдаконаи ватанӣ ҷорӣ намудани атрибутҳои миллиро дар либосҳо, интихоби матоъҳои пахтагин ва таъмини сифатро яке аз омилҳои асосӣ номид. Дар охир музокира сурат гирифт, ки аҳли нишаст дар он фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон, ба суолҳои ҳозирин баромадкунандагон посухҳои мушаххас доданд. 


Машҳура Абдуллоева