Хабарҳо
Гӯштингирони ДДМИТ дастболо шуданд
Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст», ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 24-27 сентябр доир гардид.
Дар ин Фестивал аз ДДМИТ 3 нафар - Шукронов Қоим, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ дар вазни 75 кг, Давлатов Исфандиёр, донишҷӯи курси 4, факултети молия ва қарз дар вазни 70 кг ва Эмомзода Абубакр, донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар вазни 65 кг иштирок карда, аз намуди гӯштини миллӣ даставӣ ҷои дувумро ишғол намуданд.
Варзишгарони номбаршуда зери роҳбарии мудири кафедра Сафаров Музаффар ва мураббии даста Айниддинов Ибодулло тамрин ва омодагӣ гирифта, ба ин дастовард ноил гардиданд.