Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боздид аз ободкориҳои ДДМИТ

Боздид аз ободкориҳои ДДМИТ

Ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои зиёди барои хоҷагии халқ муҳим сурат гирифтанд. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ як қатор иншоотҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд. 
Санаи 1-уми октябри соли равон муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ашурбӣ Каримова ба ДДМИТ ташриф оварда, аз ободиву созандагиҳои дар муассиса суратгирифта дидан кард. Мавсуф қайд намуд, ки ин ҳама ободӣ аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба роҳбарияти донишгоҳ барои ташкили дурусти кор таҳсину офарин хонд. Ӯ синфхонаҳои компютерӣ, маркази тестӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои таълимии сохташудаистода, кафедраҳо ва атрофи бинои чорумро аз назар гузаронида, ҳамаи инро маҳсули бузургтарин неъмат – соҳибистиқлолӣ маънидод кард. 
Қобили қайд аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо оид ба ин гуна ободиҳо бетараф набуда, пайваста пайи заҳмату талошанд ва ободкориҳоро дастгирӣ ва тарғиб менамоянд. 


Ифтихор Юсуфов