Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи рисолаи номзадӣ

Ҳимояи рисолаи номзадӣ

Рӯз аз рӯз сафи омӯзгороне, ки соҳиби унвони илмӣ мегарданд, зиёд шуда истодааст. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ин нишондод хеле хуб аст. Ин навбат санаи 25-уми сентябри соли равон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Олимов Дилшод Абдулхайрович оид ба мавзӯи «Танзими давлатӣ ва рушди мутавозуни зермаҷмӯи гӯшту шир дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар асоси маводҳои комплекси агросаноатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)» аз рӯйи рамзи 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва кишоварзӣ) дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур зери роҳбарии Шарифов Зариф Раҳмонович, д.и.и., профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид. 
Ҳадафи таҳқиқот аз омӯзиши асосҳои назариявӣ ва методии танзими давлатӣ ва рушди мутавозуни зермаҷмӯи маҳсулоти гӯшту шир, таҳия ва асосноккунии пешниҳодҳои амалӣ ва нишондодҳо оид ба такмилдиҳӣ ва фарогирии онҳо бо низоми зарурии таносуб ва тавозунҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ иборат мебошад. 
Ин мавзӯъ дар соҳаи мазкур актуалӣ буда, баҳри пешрафти он саҳми муҳим гузошта метавонад. 
Мо ин олими ҷавонро бо дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояш муваффақиятҳои нави эҷодиро таманно дорем. 


Ифтихор Юсуфов