Хабарҳо
Ташрифи намояндагони Украина ба ДДМИТ
Муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор донишгоҳҳои давлатҳои дигар лоиҳаву шартномаҳои ҳамкорӣ доранд ва дар онҳо лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ карда мешаванд. Яке аз онҳо лоиҳаи байналмилалии ERASMUS+ барои рушди иқтидор дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар доираи лоиҳаи «Рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон» мебошад, ки дар ДДМИТ татбиқ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур санаи 4-уми октябри соли равон ректори Донишгоҳи давлатии агротехнологии Таврическ ба номи Димитрий Моторно профессор Кюрчев Владимир Николаевич ва дигар иштирокчиёни лоиҳа тибқи барномаи корӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварда, тренингҳои омӯзишӣ баргузор намуданд. Меҳмонҳо аз тарафи ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба ҳузур пазируфта шуда, ҳангоми суҳбат дар бораи фаъолияти донишгоҳ ва амалишавии лоиҳа маълумоти мушаххас дода шуд. Дар охир ҳар ду тараф бо тӯҳфаҳои хотирмон якдигарро қадрдонӣ карданд ва шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ҷои зикр аст, ки ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар раванди таҳсилоти олии Украина ва Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии таълимоти 4.0 амалӣ мешавад. Бинобар ин сафари кории мазкур барои рушди устувори соҳаи иқтисоди Украина ва Тоҷикистон равона гардидааст. Дар доираи амалишавии лоиҳа таҷдиди барномаҳои мукаммал ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа ворид кардани барномаи таълимӣ аз иқтисодиёти рақамӣ ба раванди таълими магистрантон дар Тоҷикистон ва Украина то моҳи декабри соли 2023 ба назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин бо якчанд мутахассисони соҳаи иқтисоди кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Светлана Зиминав аз Литва тариқи барномаи ZOOM суҳбати видеоӣ сурат гирифт.
Дар баробари ин, меҳмонон бо донишҷӯёни донишгоҳ оид ба мавзӯи дар боло зикршуда тренингҳои соҳавӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ тариқи слайду аёниятҳои электронӣ гузаронданд, ки аз ҷиҳати назариявӣ басо ҷолиб буданд.
Ифтихор Юсуфов