Хабарҳо
Забони тоҷикӣ тоҷи забонҳо
Бахшида ба бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи таваллуди Пешвои миллат ва Рӯзи омӯзгор санаи 5 октябри соли равон мизи мудаввар доир гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ ректори таълимгоҳ Хайрзода Ш.Қ. кушода, аз бузургии забони давлатӣ сухан гуфт ва афзуд, ки дар дарозои таърих забони ноби тоҷикӣ аз ҳама гуна имтиҳонҳо ва таҳдидҳо гузашта, то ба имрӯз побарҷост, ки аз бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ далолат медиҳад. Яъне, ягона яроқе, ки миллати тоҷикро дар талотуми таърих аз нестшавӣ раҳо бахшид, забони тоҷикӣ буд.
- Ҳар нафаре, ки дар худ ҳисси миллӣ дорад, бояд ба қадри забони модарии худ расад, - гуфт ректор дар идома ва барои тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ омӯзгорон ва донишҷӯёнро муваззаф сохт.
Мавсуф қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ Сарвари давлати тоҷикон бо ин забон сухан карда, онро ба мардуми олам ошно сохтанд, ки аз хидматҳои бузурги ин марди хирад мебошад.
Дар охир ректор бо ин се ҷашни бузург аҳли нишастро муборакбод намуда, эҳтирому арҷгузориро ба забони давлатӣ нигаҳдошти рукнҳои давлатдорӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ арзёбӣ кард.
Сипас доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ Озод Саидҷаъфаров дар бораи қудсияти забони тоҷикӣ сухан карда, онро бо забони Мавлавӣ забони аршӣ номид. Бо овардани арқоми таърихӣ аз таърихи забони тоҷикӣ ёдовар шуд, ба мисли оғози давраи камолоти забони давлатӣ дар замони Сомониён ва авҷи рушди забон дар замони Салҷуқиён. Мавсуф қайд кард, ки дар даврони Шӯравӣ бошад, барои нигаҳдошти забони тоҷикӣ хидмати аҳли зиё, махсусан омӯзгорон ва адибон хеле калон аст.
- Забони тоҷикиро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба камоли давлатӣ расонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шоёни ин абармарди сиёсат маҳсуб меёбад, - гуфт профессор. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва забони коргузорӣ ва илм гардидани онро қадами устувор дар шинохти забони тоҷикӣ донист. Профессор кӯшишҳои Пешвои миллатро дар эҳёи забони давлатӣ таҳаввулоти бузург ҳисобида, онро арзишманд арзёбӣ кард.
Дар анҷоми баромад О.Саидҷаъфаров дар бораи хизматҳои Пешвои миллат, мақому мартабаи забони давлатӣ ва бузургии омӯзгор ғазалҳои тозаэҷоди хешро қироат намуд, ки аз ҷониби аҳли нишаст хеле хуш пазироӣ гардиданд.
Сипас М.Раҳмонов, н.и.ф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар бораи мақому мартабаи забони давлатӣ сухан кард ва барои тақвияти андешаҳояш аз эҷоди шоирон шеър қироат намуд.
Мизи мудаввар бо қироати шеър ва андешаҳои марғуб дар бораи шукӯҳу шаҳомати забони давлатӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева