Хабарҳо
Бузургдошти забони тоҷикӣ дар факултетҳо
Аз соли 2009 инҷониб 5-уми октябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсат ва факултету кафедраҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабиниҳои идона баргузор гардиданд. Санаи 5-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ва факултети молия ва қарз маҳфил ба бузургдошти Рӯзи забон гузаронида шуд. Сараввал мудири кафедраи забони тоҷикӣ Раҳмонов М. суханронӣ намуда, дар бораи забони тоҷикӣ ва аслияти он андешаҳояшро иброз намуд. Пасон донишҷӯёни факултети молия ва қарз шеъру андарзҳо қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни хосае бахшиданд.
Ҳамчунин аз тарафи раёсати тарбияи донишгоҳ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни факултет чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро дастаи ҳаваскорони факултети номбурда бо истеъдоди волои худ зебу оро доданд. Чорабинӣ дар се бахш гузашт. Сараввал ба ҳозирин барномаи консертӣ пешниҳод гардид, ки дар он рақсу суруд шомил буданд. Пасон саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳод гардиданд, ки аз онҳо табъи ҳозирин хеле болида гардид. Дар охир аз тарафи донишҷӯён суруди дастаҷамъона дар бораи забони тоҷикӣ сароида шуд, ки мазмуну муҳтавои чорабиниро ба пуррагӣ дар худ таҷассум намуд.
Чорабинӣ барои иштирокчиён басо ҷолибу хотирмон буд.
Ифтихор Юсуфов