Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили «Сайри сухан» таблиғгари забони тоҷикӣ

Маҳфили «Сайри сухан» таблиғгари забони тоҷикӣ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳфилу чорабиниҳои идона гузаронида мешаванд. Аз он ҷумла дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон як қатор маҳфилу чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-тарбиявии «Сайри сухан» яке аз онҳост. Маҳфили мазкур санаи 5-уми октябри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он Махшулов Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, оид ба мавзӯи «Рушди малакаҳои суханварӣ дар таълифи эҷоди шеър ва мақолаҳои илмӣ» баромад намуд ва забони тоҷикиро ҳамчун забони илму маърифат маънидод кард. Аз ҷумла мавсуф хотироташро дар бораи шоирону нависандагони тоҷик, ки дар замони Шӯравӣ пуштибони забони тоҷикӣ буданд, нақл намуд. 
Пасон сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Ҳасанова М. дар мавзӯи «Забон амони дигар» маърӯза ироа намуд. Номбурда барои тақвияти гуфтаҳояш аз шеъру ғазалҳо истифода карда, бори дигар ба шевову ширин будани забони ноби тоҷикӣ далолат намуд ва қайд кард, ки дар лаҳзаҳои сангин маҳз забон тасаллибахшу ягона умеди тоҷики ҷафокашида буд. 
Ҳамзамон аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил маърӯзаву шеърҳо қироат карда шуданд. Носиров Ҳумайнӣ аз эҷодиётиаш дар бораи забон шеър қироат намуда, табъи ҳозиринро болида гардонд. Қобили қайд аст, ки чанде аз аъзоёни маҳфили номбурда иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буда, номбардори донишгоҳ мебошанд. 
Дар охир музокира ва ҷамъбасти маҳфил сурат гирифт, ки иштирокчиён хеле фаъол буданд. Маҳфил барои дӯстдорони забони адабии тоҷикӣ муфид ва барои ҳозирин басо хотирмону ҷолиб буд. 


Юсуфов Ифтихор