Хабарҳо
Вохӯрии ректори ДДМИТ бо донишҷӯёни курсҳои якум
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар ҷумҳурӣ ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешқадам табдил ёбад. Роҳбарияти донишгоҳ низ баҳри ободиву беҳбудии шароити таълимгоҳ ҳама гуна тадбирҳоро меандешанд.
Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни курсҳои якум вохӯрӣ доир менамояд. Чун анъана имсол низ дар санаи 6-уми октябри соли равон ректори таълимгоҳ Ш. Хайрзода бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои молия ва қарз, инчунин технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт суҳбат намуд. Мавсуф зимни баромадаш сараввал оид ба қоидаҳои тартиботи дохилӣ, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, риояи сарулибоси тавсиявӣ, иштирок ва омодагӣ ба дарсҳо ва амсоли инҳо таъкид намуд. Роҳбари таълимгоҳ, ҳамзамон дар бораи ҷараёни таълим, дарсҳои устодон, хизматрасонии китобхона, китобхонаи электронӣ ва шароити синфхонаҳою лабораторияҳои таълимӣ пурсон шуд. Донишҷӯён аз имконияту шароитҳои донишгоҳ қаноатмандӣ изҳор дошта, ба роҳбарияти донишгоҳ барои таъмини шароит ва муҳити хуби таҳсил миннатдории самими худро баён намуданд.
Ректор дар идома илова намуд, ки донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта шартномаи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола чандин донишҷӯёни болаёқату забондонро ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Украина, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои Аврупо барои таҳсил мефиристад. Донишҷӯёни курси якум, алалхусус нафароне, ки хубу аъло ва бо интизоми намунавӣ таҳсил менамоянд, албатта, барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар имконият пайдо мекунанд.
Илова бар ин, гуфта шуд, ки роҳбарияти таълимгоҳ барои боло бурдани сатҳу сифати таълим ва тарбия тадбирҳои зарурӣ андешида, ба толибилмони лаёқатманд ва фаъол имтиёзҳо дода, онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ менамояд.
Дар навбати худ, донишҷӯён бори дигар барои шароити муҳайёгардида ва чунин вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.
Ифтихор Юсуфов