Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки донишҷӯёни ДДМИТ дар Олимпиадаи байналмилалӣ

Иштироки донишҷӯёни ДДМИТ дар Олимпиадаи байналмилалӣ

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни ДДМИТ дар олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ, ки рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия оғоз гардид, ширкат варзиданд. 
Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир гардида, то 8-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад. 
Лозим ба ёдоварист, ки аз 29 апрел то 1 майи соли равон даври аввали Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи самтҳои иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, бехатарии иттилоотӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардида буд. Ғолибони даври донишгоҳӣ донишҷӯёни зерин: Карим Каримзода - курси 4-уми ихтисоси 1-26020202 - менеҷменти байналхалқӣ, Рухмина Қудратова - курси 3-юми ихтисоси 1-40010202 - технология ва низомҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт, Диана Давлатова, Мадина Бойматова, Сунатулло Ҷиҳонов - курси 4-уми ихтисоси молия барои иштирок дар даври хотимавии Олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд ва бо сарварии муовини ректор оид ба илм Сафаров Б.Г. ба Сочи равона гардиданд. 
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, пайдо намудани ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён гузаронида мешавад.