Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ректор бо толибилмони ду факултет вохӯрд

Ректор бо толибилмони ду факултет вохӯрд

Имрӯз, 7 октябр ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнес вохӯрӣ анҷом дод. 
Ректор сараввал донишҷӯёнро барои сазовор гардидан ба номи донишҷӯӣ муборакбод намуда, ба онҳо хониши аъло, масъулиятшиносӣ ва ташаббускориро таманно кард. 
Сипас Хайрзода Ш.Қ. ба донишҷӯён дар бораи тартиботи дохилии донишгоҳ, қоидаи донишҷӯӣ маълумоти мухтасар дода, дастовардҳои донишгоҳро дар самти илм ва таълим гуфта гузашт. 
Аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои муҳайёнамудаи донишгоҳ истифода бурда, таҳсили илм намоянд, ташаббускору ҷӯянда бошанд. Бештар китоб хонанд, аз китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ самаранок истифода бурда, дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намоянд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ҳамзамон ректори таълимгоҳ таъкид дошт, ки роҳбарият ҳамеша донишҷӯёни фаъолро дастгирӣ менамояд ва ба онҳо имконият медиҳад, ки худро дар байни дигарон муаррифӣ намоянд ва ба қуллаҳои баландтаре бирасанд. Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуданд, аз ҷумла стипендияҳои номӣ амал мекунанд, ки донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба онҳо сазовор дониста мешаванд. 
Дар охир донишҷӯён барои ташкили шароитҳои мусоид ба роҳбарияти таълимгоҳ арзи сипос намуданд ва иброз доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо мекӯшанд бо сари баланд дар донишгоҳ таҳсили илм намоянд. 


М. Абдуллоева