Хабарҳо
Боз як ҳимояи рисолаи номзадӣ дар ДДМИТ
Боиси сарфарозист, ки рӯз аз рӯз сафи олимони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон афзуда истодааст. Ин аст, ки санаи 8-уми октябр дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Ҳусайнов Муродалӣ Сайдамирович, ассистенти кафедраи суғурта дар мавзӯи “Махсусияти ташаккулёбии бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, аз рӯйи ихтисоси 08.00.10 – Молия, гардиши пул ва қарз таҳти роҳбарии д.и.и., профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода баргузор гардид.
Мавзӯи таҳқиқот аз омӯзиши масъалаҳои назариявӣ ва методологии бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, махсусиятҳои он дар Тоҷикистон, такмилдиҳии рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии субъектҳои бозори суғурта иборат буд.
Муҳаққиқ дар таҳқиқоташ ба омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва хусусии суғуртавӣ дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ пардохта, барои омӯзиши чуқури фаъолияти ташкилотҳои суғурта ва тартиб додани тавсияҳои алоҳида дар ин поя аз усулҳои гуногуни таҳқиқ истифода бурда, натиҷаро дар кор ҷой додааст. Муҳаққиқ ба суолҳои аъзоёни Шӯро посухҳои мукаммал дод ва кор аз тарафи олимони соҳа баҳои баланд гирифт. Мо Ҳусайнов Муродалиро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояш парвозҳои нави эҷодӣ хоҳонем.
Ифтихор Юсуфов