Хабарҳо
Вохӯрии навбатии ректор бо донишҷӯён
Боиси дастгирист, ки ҳафтаи сипаришуда ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои донишгоҳ вохӯрӣ гузаронид. Ин навбат санаи 11-уми октябри соли равон ректори таълимгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ мавсуф оид ба қоидаҳои интизоми дохилӣ, иштирок ба дарсҳо, шароити муҳайёгардида барои муҳассилин ва амсоли ин гуфта гузашт. Ҳамчунин, зикр кард, ки донишҷӯёни заковатманду болаёқатро роҳбарияти донишгоҳ ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунад ва онҳо низ муваззафанд аз шароити мусоид истифода бурда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи худ гарданд.
Дар анҷоми ҷамъомад донишҷӯён миннатдории хешро ҷиҳати баргузории чунин вохӯрии муфид ва таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ дар самти таълиму тадрисашон баён намуданд. Вохӯрӣ барои толибилмон басо ҷолибу хотирмон буд.
Ифтихор Юсуфов