Хабарҳо
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ректор
Варзиш ҷисмро қавӣ ва инсонро солим мегардонад. Бинобар ин, ҳамасола дар ҷумҳурӣ аз дави миллӣ сар карда, то мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Тӯли чанд сол аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти ҷоми ректори донишгоҳ доир мегардад. Имсол низ ба хотири таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи мазкур аз 12-ум то 25-уми октябри соли равон баргузор мегардад, ки дар он тамоми сохтори донишгоҳ аз раёсати он сар карда то факултетҳо, яъне 8 дастаи варзишӣ иштирок ва бо ҳам сабқат мекунанд.
Санаи 13-уми октябр мусобиқаи футболи хурд бо иштироки ректори таълимгоҳ оғоз гардид ва дар он ду даста қувваозмоӣ карданд. Ректор баромад карда, варзишро яке аз василаҳои солимии ҷомеа донист ва афзуд, ки рушди варзиш дар сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавият дора два ба он таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ба ин хотир, дар мамлакат иншоотҳои варзишӣ сохта ва таҷдид карда шудаанд, ки ҳамаи ин барои солимии ҷомеа равона гардидаанд. Ташкили мусобиқаи имрӯза низ барои ташкили тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардидааст, гуфт ректор дар фарҷоми сухан ва барои бомуваффақият гузаронидани мусобиқаи варзишии футболи хурд таманниёт намуд.
Мусобиқаи мазкур санаи 25-уми октябр ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.
Ифтихор Юсуфов