Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинари илмӣ–методии кафедраи забонҳои хориҷӣ

Семинари илмӣ–методии кафедраи забонҳои хориҷӣ

Санаи 14-уми октябри соли равон кафедраи забонҳои хориҷӣ аз рӯйи нақша семинарии илмӣ-методӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва намоянда аз раёсати илм ва инноватсия баргузор намуд. Семинарро мудири кафедра Туйғунов Н. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин мавзӯъ ва мундариҷаи семинари мазкурро баён кард. Пасон ассистенти кафедра Ҳамроев Манучеҳр оид ба мавзӯи «Истифодабарии аффикс (ванд)-ҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» маърӯза ироа намуда, гуфтаҳояшро бо мисолҳо ва муқоисаи ин забонҳо тақвият бахшид. 
Баъдан аз тарафи донишҷӯёну устодон саволу ҷавоб сурат гирифт. Маърӯзачӣ ба саволҳо посухҳои мукаммал дод. 
Дар охир Нурмаҳмадова Р., мутахассиси раёсати илм ва инноватсия семинарро ҷамъбаст ва фикру ақидаҳояшро баён намуд. Қобили қайд аст, ки баргузории чунин семинарҳо барои устодон ва донишҷӯён аз манфиат холӣ нест. 


Ифтихор Юсуфов