Хабарҳо
Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ тавассути бозори фондӣ
Санаи 14 октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ бо иштироки намояндаи раёсати илм ва инноватсия Нурмаҳмадова Р., муовини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ - Ҳалимхонов З.А., устодони кафедра ва инчунин донишҷӯёни факултет семинари методӣ гузаронида шуд.
Семинари мазкурро мудири кафедра Буриева М.Ч. оғоз намуда, дар мавзӯи «Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ тавассути бозори фондӣ» маърӯза кард. Ӯ дар бораи мақсади асосии рушди бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун қисми ҷудонашавандаи таркибии иқтисодиёт, ташкили усулҳои самараноки ҷалби инвеститсияҳо, ҷамъоварӣ ва азнавтақсимкунии сармоя байни соҳаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашт.
Аз таҷрибаи фаъолияти бозорҳои фондӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ҳамсоя маълум аст, ки гардиши муваффақонаи коғазҳои қиматнок метавонад ба пешрафти иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ расонад.
Дар охир Ҳалимхонов З.А. қайд намуд, ки мавзӯи интихобнамуда хеле рӯзмарра буда, яке аз мушкилоти асосии созмон додани бозори коғазҳои қиматнок ба вуҷуд овардани зерсохтори он мебошад. Барои инкишоф додани зерсохтори бозори коғазҳои қиматнок ва ба биржа ҷалб шудани коғазҳои қиматноки интишоргарони ватанӣ биржаи нав – Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.
Дар фарҷом суолу посух сурат гирифт.