Хабарҳо
Боварӣ ба худ ин ғалаба аст
Ба ҳамагон маълум аст, ки 5-уми октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ баргузор гардид ва дар он донишҷӯёни ДДМИТ бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм Сафаров Баҳром фаъолона иштирок карданд. Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, пайдо намудани ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён гузаронда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар байни иштирокчиёни олимпиада аз давлатҳои дигар Каримзода Карим Ҳаким, донишҷӯйи курси 4-уми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ихтисоси 1-26-020202- менеҷменти байналхалқӣ барои ишғоли ҷойи намоён ва иштироки фаъолона соҳиби ҷоиза гардида, бо диплом мукофотонида шуд. Ба ҳамин хотир мо хостем бо ӯ мусоҳиба ороста, таассуроташро аз ин сафар пурсон шавем.
Пеш аз ин дар ягон озмунҳои дигар иштирок карда будед?
–Бале, пеш аз ин дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ аз фанни забони русӣ ва математика сазовори ҷойҳои намоён гашта будам. Дар донишгоҳ бошад, дар олимпиадаҳо аз фанни назарияи иқтисодӣ иштирок мекардам.
Бо тавсияю дастгирии кӣ Шумо ба ин олимпиада роҳ ёфтед?
–Аввалан бо тавсияву заҳматҳои куратори гурӯҳамон устод Шодиев Қамар, сардори раёсати илм ва инноватсия муаллима Мирзоева Евгения, ҳамчунин устодони факултет ба озмун тайёрӣ дидам ва ба роҳбарияти донишгоҳ хусусан устод Хайрзода Шукрулло барои дастгирӣ ва мусоидат ба сафар миннатдорӣ баён мекунам, ки барои ҷавонон чунин имтиёзҳо медиҳанд.
Оё саволҳои олимпиада мушкил буданд?
– Саволҳо асосан оид ба самти иқтисоди байналмилалӣ буда, он қадар мушкил ҳам набуданд. Аз ҳама муҳим дар доираи дарсҳои хондаамон буд.
Дар ҷараёни сафар ғайр аз олимпиада боз чӣ гуна ҳамоишҳо буданд ва Шумо аз ин сафар чӣ таассурот гирифтед?
– Ғайр аз олимпиада боз сайругашт ташкил карданд, ки бисёр ҷойҳои таърихиро дидем ва ҳамчунин тренингҳои омӯзишӣ шуданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, хусусан барои мутахассисони соҳаи иқтисод басо ҷолибу манфиатовар буданд. Дӯстони нав пайдо кардем, бо таърихи чандинасраи мардуми рус аз наздик ошно шудем. Хуллас, мо бисёр чизҳои навро дидем ва фаҳмидем.
Вақте ки ба Шумо ҷоиза супориданд, чӣ ҳиссиёт доштед?
– Вақте ки номи маро гирифтанд ва ба саҳна даъват карда, ҷоизаро супориданд, ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз ин дастовард буд, ки дар байни ин қадар довталабон намояндаи Тоҷикистон низ қадр карда шуд. Ҳамчунин, ба хулосае омадам, ки дониши азхудшуда бефоида набуда, ҳатман як рӯз даркор мешавад ва маҳз тавассути дониш метавонӣ ба пояҳои баландтаре бирасӣ.
Пас аз хатми донишгоҳ чӣ нақша доред?
– Дар оянда мехоҳам дар зинаҳои магистратураву докторантура таҳсилро идома дода, баҳри беҳбудии иқтисодиёти Ватанам саҳми худро гузорам. Ба дигар донишҷӯёне, ки мехоҳанд мисли Шумо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд, чӣ тавсия медиҳед? –Ба ҳамсабақонам тавсия медиҳам, ки дар дарсҳо фаъол бошанд, омодагӣ бинанд, китоб мутолиа кунанд ва баъдан забон омӯзанд, алалхусус забонҳои русӣ ва англисиро Сараввал бояд забони тоҷикиро хуб омӯзанд, зеро агар забони тоҷикиро хуб донанд, метавонанд дар муддати кӯтоҳ ин ё он забони хориҷиро аз худ намоянд.
Ҳамзамон ба худ боварӣ дошта бошанд, чунки боварӣ ба худ ин аллакай ғалаба аст.
Мо шуморо бо ин дастовард табрик гуфта, бароятон комёбиҳои нав ба навро таманно дорем! Саломату сарбаланд бошед!
– Ташаккури зиёд!
Ифтихор Юсуфов