Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии навбатии ректор бо донишҷӯён

Вохӯрии навбатии ректор бо донишҷӯён

Боиси сарфарозист, ки бо ташаббуси ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ моҳи равон бо донишҷӯёни курсҳои якуми таълимгоҳ вохӯриҳои судманд гузаронида шуд. Ин навбат санаи 15-уми октябр ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор мулоқот баргузор намуд. Зимни суханронӣ мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти донишгоҳ барои толибилмон ҳама шароитҳоро фароҳам овардааст ва донишҷӯёни болаёқатро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунад. Хобгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳо ба шароити ҳозиразамон ҷавобгӯ буда, омӯзгорони ботаҷриба пайи таълиму тадрисанд, фақат донишҷӯи заковатманд ва зирак аз ин шароити мусоид истифода бурда, дониш меандӯзад, мутахассиси варзидаи соҳаи худ мегардад. 
Баъдан ректор қайд намуд, ки ҳамасола аз тарафи донишгоҳ донишҷӯёни арзанда ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» роҳхат мегиранд. Роҳбарияти донишгоҳ тайёр аст, ки чунин донишҷӯёнро дастгирӣ кунад. 
Дар охир донишҷӯён ба роҳбарияти таълимгоҳ миннатдории худро баён намуданд. 
Вохӯрӣ басо судманду ҷолиб ва хотирмон буд. 

Ифтихор Юсуфов