Хабарҳо
Баррасии вазъи суғурта дар мамлакат
Қобили қайд аст, ки ташкилотҳои суғуртавии дар ҷумҳурӣ амалкунанда барои ғанӣ гардонидани буҷети давлат саҳми арзанда мегузоранд, ки ба рушди иқтисоди дохилӣ низ сабаб мегардад. Бахшида ба ҳамин мавзӯъ санаи 16-уми октябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи суғурта мизи мудаввар бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон доир гардид.
Чорабинии мазкур ҷанбаи муҳими ин соҳа «Нақши суғурта дар рушди иқтисоди миллӣ: воқеият ва самтҳои афзалиятнок»–и онро дар бар гирифта, яке аз мавзӯъҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е. ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зимни суханрониаш қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори суғурта, аз ҷумла, васеъ ба роҳ мондани суғуртаи ихтиёрӣ ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозор чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Пасон, меҳмони чорабинӣ мушовири директори генералии ҶДММ ташкилоти суғуртавии «БИМА» Хурсан В.В. оид ба «Вазъи суғуртаи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, зикр кард ки дар муддати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суғурта ба комёбиҳои зиёде ноил гардид ва чораҳои хуби бехатарӣ андешида истодааст.
Дар охир суолу ҷавоб, музокира ва ҷамъбасти нишаст сурат гирифт, ки ҳозирин фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинӣ ҷолибу хотирмон гузашт.
Ифтихор Юсуфов