Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арзёбии механизми ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар деҳот

Арзёбии механизми ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар деҳот

Боиси хушнудист, ки дар ДДМИТ аз тарафи сохторҳои он маҳфилу семинарҳо ва мизҳои мудаввари доимамалкунанда қариб ҳар моҳ баргузор шуда, дар баланд бардоштани савияи дониши таълимгирандагон саҳми назаррас мегузоранд. Яке аз он чорабинии доимамалкунанда маҳфили «Зеҳн»–и кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ буда, пайваста доир мегардад. 
Ин навбат, санаи 16-уми октябри соли равон маҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Механизми ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет Муқимов Қудбиддин оғоз намуда, зимни баромадаш қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад ва танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба метавонанд барои рушду такомули он саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин қайд кард, ки сайру саёҳат аз худи Тоҷикистон шуруъ мешавад, чунки мо ҷойҳои зиёди таърихӣ дорем ва на ҳамаи онро дидаем. 
Пасон, корманди дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторанти ДДМИТ Абдулов Беҳрузҷон дар мавзӯи болозикр баромад намуда, қайд кард ки имрӯз бо пешрафту тараққиёти илму техника ҳар як нафар метавонад зодгоҳашро ҳамчун ҷойи таърихиву сайёҳӣ муаррифӣ кунад. Агар ҳамин ҷараён хуб сурат гирад, иқтисод низ рӯ ба пешравӣ мениҳад ва шароити зиндагии мардум низ беҳтар мегардад. 
Баъдан донишҷӯён бо баромадкунанда саволу ҷавоб карданд ва посухҳои мукаммал низ гирифтанд. Маҳфил барои мутахассисони ҷавон муфиду хотирмон буд. 


Ифтихор Юсуфов