Хабарҳо
Занон неруи қобили эътимод ва қувваи пешбарандаи ҷомеа
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии духтарону бонувон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ санаи 18-уми октябри соли равон ҳамоиши маънавӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ таҳти унвони «Занон неруи қобили эътимод ва қувваи пешбарандаи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар он меҳмонон – Ашурбӣ Каримова, муовини раиси ноҳияи Сино, Шарифзода С., судяи суди ноҳияи Сино, Раҳмон Гулчеҳра, мудири САҲШ-и н. Сино, Ҳомидзода Н., мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар н. Сино иштирок ва баромад карданд. Дар ҷамъомад дар бораи «Парокандашавии оилаҳои ҷавон», «Хушунат дар оила», «Проблемаҳои актуалии ҳаёти занон», «Нақши занон дар ташаккули тамаддунҳо», «Ҷойгоҳи зани тоҷик дар ҷомеаи муосир», «Мавқеи байналмилалии зани тоҷик» баромадҳо карда шуд.
Ҷамъомадро Файзуллозода З. кушода қайд намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар н. Сино гурӯҳи корӣ бо бонувону духтарони муассисаҳои таҳсилоти олии дар ноҳияи Сино қарордошта суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, дар он қонунҳои «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳу тавзеҳ дода мешаванд.
Сипас Каримова А. баромад карда, дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа ва нақши зан дар устувории оилаҳо сухан гуфта, духтаронро дар зиндагии оилавӣ ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд.
Мавсуф аз таҷрибаи оиладории хеш мисолҳо оварда, ҳурмати шавҳар ва хонаводаи ӯ, бо андеша кор карданро дар зиндагӣ ва сабуриро аз шартҳои асосии устувории оилаҳо донист.
Баъдан Шарифзода С. баромад карда, бо овардани рақамҳои оморӣ вазъи пошхӯрии оилаҳоро нигаронкунанда номид. Ба гуфти судя дар соли 2020 1062 ақди никоҳ бекор ва дар нуҳ моҳи соли 2021 бошад, 1023 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки 70 фоизи қонунвайронкунии аз ҷониби наврасон содиршуда аз оилаҳои нопурра карда мешаванд, ки ин натиҷаи тарбияи нодуруст ва беназоратӣ дар ин гуна оилаҳо буда, пошхӯрии оилаҳо ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад, -гуфт судя.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо Раҳмон Г., Ҳомидзода Н., Қодирова Б., Ҳасанова М., Ҳакимова М. ва чанд нафар донишҷӯдухтарон баромад карда, нақши занону бонувонро дар устувории оилаҳо бориз маънидод карда, духтаронро барои оиладорӣ омода намуданро талаб намуданд.
Ҳамоиш хеле манфиатовар доир гардид.
Машҳура Абдуллоева